Чин гузаронидани «Тоҷиксемент» ба истифодаи ангиштро ваъда кард

Чанде қабл мулоқоти Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Директори намояндагии ҶСК «ТВЕА» дар Тоҷикистон Ван Цзян ва мутахассисони ин ширкат баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур иттилоъ доданд, вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ яке аз корхонаҳои муҳимтарини соҳаи семент дар ҷумҳурӣ будани ҶСК «Тоҷиксемент» ва масъалаи […]

ASIA-Plus


Чанде қабл мулоқоти Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Директори намояндагии ҶСК «ТВЕА» дар Тоҷикистон Ван Цзян ва мутахассисони ин ширкат баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур иттилоъ доданд, вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ яке аз корхонаҳои муҳимтарини соҳаи семент дар ҷумҳурӣ будани ҶСК «Тоҷиксемент» ва масъалаи гузаронидан аз гази табиӣ ба ангиштро дар ин корхона таъкид ва дар самти мазкур ба роҳ мондани ҳамкориҳоро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд.

Директори намояндагии ҶСК «ТВЕА» дар Тоҷикистон Ван Цзян қайд кард, ки ширкат масъалаи гузаронидани ҶСК «Тоҷиксемент» ба истифода аз ангишт дар заминаи таҷҳизотҳои корхона, воридоти хатҳои нави технологӣ мавриди омӯзиш қарор хоҳад дод.

Масъалаи истифодаи ангишт дар корхонаҳои сементбарорӣ ва дигар соҳаҳо якчанд сол аст, ки зери таваҷҷӯҳи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва то имрӯз дар ин самт як қатор комёбиҳо ба даст омада, аз ҷумла 6 корхонаи сементбарорӣ ва дар маҷмӯъ 131 корхонаи саноатӣ ба истифода аз ангишт гузаронида шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки шуруъ аз 1-уми апрел Ӯзбекистон интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ карда, сабаби онро норасоии захираҳо унвон кард.

Корхонаҳои бузургтарини Тоҷикистон – КВД «Корхонаи алюминии тоҷик» ва «Тоҷиксемент», ки ба сифати маводи сӯхт газро истифода мекарданд,  айни замон роҳҳои алтернативии раҳоӣ аз чунин вазъро меҷӯнд.

Чанде қабл муовини директори корхонаи «Тоҷиксемент» Музаффар Ҳакимов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки дар корхона бинобар мавҷуд набудани гази табиӣ истеҳсолот боздошта шуд.

Ба гуфтаи вай, то моҳи апрел дар корхона ҳамарӯза то 600 тонна семент истеҳсол мегардид. «Аз 1-уми апрел интиқоли газ ба корхона қатъ шуд, ки ин боис ба қатъи кори мо гардид», – гуфт вай.

Ба эътиқоди Ҳакимов, коргарони корхона ҳамарӯза ба кор меоянд ва ҳанӯз дар бораи ихтисори ҳайати шахсии корхона сухан намеравад, ҳарчанд чунин вазъ ба руҳияи онҳо бетаъсир намонд.

Дар робита ба масъалаи гузаштани корхона ба истифодаи ангишт ҳамчун сӯзишворӣ Ҳакимов гуфт, бидуни гузаронидани ташхиси экологӣ, ҳалли масоили маблағгузорӣ, омӯзиши мутахассисон барои кор дар таҷҳизоти нав ҳалли ин масъала ғайриимкон аст.

Қобили зикр аст, ки маҳсулоти «Тоҷиксемент» асосан дар сохтмони иншооти муҳими кишвар, аз ҷумла корҳои барқароркунӣ дар нерӯгоҳи «Роғун» ва бунёди роҳу пулҳо  истифода мешаванд.

Иқтидори «Тоҷиксемент» истеҳсоли 1 млн. 100 ҳазор тонна семент дар як солро ташкил медиҳад, вале ахиран корхона танҳо бо истифодаи 70%-и иқтидор фаъолият дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.