Гуфтушуниди Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба содакунии реҷаи марзӣ

Ӯзбекистону Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки ба тадбирҳои эътимоду субот дар марзҳои давлатии миёни кишварҳо таҳким бахшанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА Новости бо истинод ба як намояндаи Кумитаи ҳифзи марзҳои давлатии Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон. Зикр мегардад, ки дар ҷараёни вохӯрии корӣ дар минтақаи наздимарзии шаҳри Бекобод мақомоти раҳбарии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Ӯзбекистон вазъи мавҷуда дар […]

Наргис Ҳамробоева


Ӯзбекистону Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки ба тадбирҳои эътимоду субот дар марзҳои давлатии миёни кишварҳо таҳким бахшанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА Новости бо истинод ба як намояндаи Кумитаи ҳифзи марзҳои давлатии Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон.

Зикр мегардад, ки дар ҷараёни вохӯрии корӣ дар минтақаи наздимарзии шаҳри Бекобод мақомоти раҳбарии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Ӯзбекистон вазъи мавҷуда дар марзҳоро баррасӣ намудаанд. Дар гуфтушунид аз ҷониби Тоҷикистон фармондеҳи неруҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ва аз ҷониби Ӯзбекистон фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон генерал-майор Руслан Мирзоев ширкат варзидаанд.

Гуфта мешавад, аз ҷумла як қатор тартиботи марбут ба таъмини убури шаҳрвандони алоҳида тавассути марзи давлатӣ ҳангоми сафарҳои мутақобила, транзит дар қаламрави наздимарзӣ ва ғайра дубора мавриди бозбинӣ қарор мегирад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.