Ҷоизадорони «Анҷумани ҷавонони рақамии шаҳри Душанбе» муайян шуданд

Дар бинои факултаи Муштараки тоҷикию украинии Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон Анҷумани “Ҷавонони рақамии шаҳри Душанбе” баргузор гардид. Қабл аз ин дар шаҳри Кӯлоб Анҷумани “Ҷавонони рақамии вилояти Хатлон” ва дар шаҳри Хуҷанд Анҷумани “Ҷавонони рақамии вилояти Суғд” доир гардиданд. Бино ба гуфтаи директори «Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» Талъат Нӯъмонов дар анҷуман 72 нафар доваталбон лоиҳаҳои худро […]

Шамсиддин Ризоев


Дар бинои факултаи Муштараки тоҷикию украинии Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон Анҷумани “Ҷавонони рақамии шаҳри Душанбе” баргузор гардид. Қабл аз ин дар шаҳри Кӯлоб Анҷумани “Ҷавонони рақамии вилояти Хатлон” ва дар шаҳри Хуҷанд Анҷумани “Ҷавонони рақамии вилояти Суғд” доир гардиданд.

Бино ба гуфтаи директори «Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» Талъат Нӯъмонов дар анҷуман 72 нафар доваталбон лоиҳаҳои худро пешниҳод намудаанд.

«Мо имкони муаррифии 30 лоиҳаро дар нақша доштем, вале бо назардошти шумори зиёди иштирокчиён, тасмим гирифтем, ки ба ҳама чунин имконро фароҳам созем, зеро мақсади асосии мо муаррифии идея/лоиҳаи худ ва дарёфти андешаҳои муҳим оид ба истифодаи ТИК дар ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодӣ аст», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, муаллифи идеяи беҳтарин бо лоиҳаи «Хизматрасонии посухҳои ҷиддӣ ба суолҳои ҷиддӣ» Петр Бубентсов эътироф шуд. Лоиҳаҳои Мунира Ҳусейнова «Манбаи маълумотҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Муҳамммадӣ Ибодуллоев – «Назорат ва идораи нақлёти ҷамъиятӣ дар шаҳрҳои бузург», Комил Раҷабов – «Коркарди муҳаррики озод барои шабакаҳои иҷтимоӣ», Шӯҳрат Акбаров – «Технологияи муосир барои табибони соҳибтаҷриба» ва Фарҳод Пӯлотов – «Низоми ҷустучӯӣ дар сомонаҳои ҷустуҷӯии Точикистон» аз беҳтаринҳо дониста шуданд. Ба ҳамаи ғолибон аз номи ширкати «Мегафон-Тоҷикистон» тӯҳфаҳои арзишманд тақдим гардиданд.

Қобили зикр аст, ки муаллифони барномаҳои беҳтарин дар лагери байналмилалии навовариҳои иҷтимоӣ (Social Innovation Camp – SICamp), ки моҳи майи соли ҷорӣ дар Қазоқистон баргузор мегардад, иштирок хоҳанд кард. Онҳо инчунин дар Анҷумани ҳарсолаи DYCA-и Осиёи Марказӣ ширкат меварзанд.

Созмондиҳандаи Анҷумани “Ҷавонони рақамии шаҳри Душанбе” Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази Технологияҳои Информатсионӣ-Коммуникатсионӣ” мебошад. Анҷумани мазкур дар ҳамдастӣ бо Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон, Факултаи муштараки тоҷикию украинии Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон ва Мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон – асри XXI” гузаронида шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.