Боздошти як зани гумонбар ба ғоратҳои кӯдакони хурдсол

Date:


Кормандони милиса дар шаҳри Душанбе сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, як зани 22-сола Амина Хушвахтоваро, ки ба ғорати гӯшвораҳои тилоии кӯдакони хурдсол машғул будааст, боздошт намуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, боздоштшуда қаблан ду маротиба аз ҷониби суд ҷазо гирифта, наздик ба 20 ҳолати чунин ғоратгариҳо гумонбар дониста мешавад.

«Амина бо роҳи фиреб кӯдакони хурдсолро аз назди хонаҳои истиқоматиашон дуртар бурда, бо роҳи зӯроварӣ аз онҳо гӯшвораҳояшонро гирифта ғайб мезадааст», – гуфтанд дар ВКД ва таъкид сохтанд, ки ҷавоҳироти ғоратшударо ӯ дар бозори «Корвон» мефурӯхтааст.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла, бо ҳамин роҳ Оминаи Амирхонро, ки 6-сол дорад, аз кӯчаи Борбад ба маҳаллаи 65-и пойтахт  бурда, аз ӯ як ҷуфт гӯшворашро мегирад. «Ғоратгар зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ аз рӯйи маълумоти расида дастгир гардид», – афзуд манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...