Имкони таҳсили ноболиғони тоҷик дар омӯзишгоҳҳои ҳарбии Русия

Дар ҳошияи кори машварати вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ дар Пекин мулоқоти вазирони мудофиаи Тоҷикистону Русия Шералӣ Хайруллоев ва Анатолий Сердюков баргузор шуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи таҳсил ва омодагии шаҳрвандони ноболиғи тоҷик дар муассисаҳои таълимии Вазорати мудофиаи Русияро ба имзо расониданд. «Ин Созишнома заминаи зарурии ҳуқуқӣ барои таҳсили шаҳрвандони ноболиғи тоҷик […]

ASIA-Plus


Дар ҳошияи кори машварати вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ дар Пекин мулоқоти вазирони мудофиаи Тоҷикистону Русия Шералӣ Хайруллоев ва Анатолий Сердюков баргузор шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи таҳсил ва омодагии шаҳрвандони ноболиғи тоҷик дар муассисаҳои таълимии Вазорати мудофиаи Русияро ба имзо расониданд.

«Ин Созишнома заминаи зарурии ҳуқуқӣ барои таҳсили шаҳрвандони ноболиғи тоҷик дар омӯзишгоҳҳои суворовӣ ва корпусҳои кадетии Вазорати мудофиаи Русияро фароҳам меоварад», – менависад хабаргузории РИА Новости бо такя ба гуфтаҳои котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Русия Ирина Ковалчук.

Гуфта мешавад Н.Сердюков ҳамчунин бо ҳамтои қирғизи худ Таалайбек Омуралиев низ гуфтушунид анҷом дода, ҷонибҳо асноди ҷуброни маблағи пардохт барои истифодаи макони ҷойгиршавии иншооти низомии Русия дар Қирғизистонро ба имзо расонидаанд.

«Ҳамин тариқ, мушкилоти мавҷудаи қарз барои иҷора ҳал шуда, имзои протоколи мазкур маънои пардохти қарзро дорад», – таъкид кардааст Ковалчук.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.