Заминларза дар минтақаи кӯли Сарез

Соати 07-у 47 дақиқаи субҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи қувваи то 4 балл ба қайд гирифта шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти геофизики Академияи илмҳои ҶТ хабар доданд, маркази заминларза дар 340 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 85 километрии ҷанубу ғарби кӯли Сарез воқеъ буд. Бино ба маълумоти пешакии хадамоти номбурда, дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Соати 07-у 47 дақиқаи субҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи қувваи то 4 балл ба қайд гирифта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти геофизики Академияи илмҳои ҶТ хабар доданд, маркази заминларза дар 340 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 85 километрии ҷанубу ғарби кӯли Сарез воқеъ буд.

Бино ба маълумоти пешакии хадамоти номбурда, дар марказ қувваи заминларза 4 балл ва дар минтақаи кӯли Сарез 3 баллро ташкил додааст.



Маълумотнома:


Рузи 18 феврали соли 1911 дар яке аз деҳаҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон заминларзае ба қудрати 9 дараҷаи рихтер ба вукуъ пайваст, ки ба асари он маҷрои дарёчаи куҳӣ баста шуда, дар маҳалли ҳодиса деҳае бо номи Сарез комилан аз байн рафт ва аз ҳамон лаҳза кӯле бо номи “Сарез” шаклгирии худро оғоз кард.

Дар айни ҳол, яъне бо гузашти 98 сол аз ташкили обанбори табиӣ, тӯли кӯл ба бештар аз 70 километр ва чуқурии он ба 500 метр расидааст. Ҳаҷми оби ҷамъшуда 17 млрд. метри кубӣ баровард шудааст. Ин кӯл дар баландии 3 хазор метр аз сатҳи оби баҳр ҷойгир шудааст.

 Кӯли Сарез аз замони пайдоиш дар маркази таваҷҷуҳи ниҳодхои зистмуҳитии Тоҷикистон ва минтақа қарор дошт. Ҳанӯз дар солҳои 70-уми асри гузашта мутахассисони шӯравӣ дар пайи таҳқиқоти зиёд ба ин натиҷа расиданд, агар чораҳои заруӣй андешида нашавад, дар дарозмуддат ҷамъ шудани беш аз ҳадди об боиси вайрон шудани садди табиӣ ва сарозер шудани обу сангу гил хоҳад шуд, амре ки ҷони 6 млн. аз аҳолии Осиёи Марказиро дар маърази хатар қарор хоҳад дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.