Таркишҳо дар Афғонистон пас аз сафари Барак Обама

Пас аз сафари эълоннашудаи президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама ба Афғонистон, рӯзи 2-юми май дар пойтахти ин кишвар дастикам се таркиш ба вуқуъ пайваст. Бино ба маълумоти хадамоти русии Би-Би-Сӣ бо истинод ба Агентии Рейтер, ки дар навбати худ ба вазири умури дохилии Афғонистон такя мекунад, бар асари ин таркишҳо ду нафар ҳалок шудаанд. […]

ASIA-Plus


Пас аз сафари эълоннашудаи президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама ба Афғонистон, рӯзи 2-юми май дар пойтахти ин кишвар дастикам се таркиш ба вуқуъ пайваст.

Бино ба маълумоти хадамоти русии Би-Би-Сӣ бо истинод ба Агентии Рейтер, ки дар навбати худ ба вазири умури дохилии Афғонистон такя мекунад, бар асари ин таркишҳо ду нафар ҳалок шудаанд.

Хабаргузории Lenta.ru бо такя ба France-Presse менависад, дар шаҳри Кобул ду таркиш рух додааст, ки яке аз онҳо дар автомобил аз ҷониби маргталаб анҷом дода шудааст. Бино ба маълумоти пулис, ҳадафи маргталаб меҳмонхона барои хориҷиён будааст. Гуфта мешавад, дастикам 6 нафар ҳалок ва 17 тан ҷароҳат бардоштаанд.

Масъулияти таркишҳоро шуъбаи афғонии ҳаракати «Толибон» ба дӯш гирифтааст. Дар изҳороти ҳаракати «Толибон» гуфта шудааст, яке аз ҷонибдорони ҳаракат бомбро дар назди пойгоҳи низомӣ тарконида, ба дигарӣ муяссар шудааст, ки ба дохил ворид шавад. Аммо дар Вазорати умури дохилии Афғонистон ин иттилоъро рад сохта, изҳор доштаанд, ки танҳо як ҷангии маргталаб иштирок доштааст.

Хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад, ки шаби чоршанбе президенти ИМА бо сафари эълонннашуда ба Афғонистон ташриф овард. Ӯ бо сарвари давлати Афғонистон Ҳомид Карзай гуфтушунид анҷом дода, ҳамчунин созишнома миёни ИМА ва Афғонистон дар бораи шарикии стратегиро ба имзо расонидааст. Дар созишнома шартҳои ҳузури низомиёни ИМА пас аз хурӯҷи қисмати зиёди нерӯҳои Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) аз Афғонистон дар соли 2014 муқарррар шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.