ФАО коҳиши истеҳсоли гандум дар соли равонро пешгӯйӣ мекунад

Ташкилоти ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) коҳиши ҳаҷми истеҳсоли гандум дар соли равонро пешгӯйӣ мекунад. Бино ба маълумоти ин ташкилот, соли равон ҳосили зироати ғалладона 2 млн. 371 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 27 ҳазор тонна бештар аст, вале ҳарчанд ин ҳосили рекордии зироати ғалладона бошад ҳам, он […]

Пайрав Чоршанбиев


Ташкилоти ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) коҳиши ҳаҷми истеҳсоли гандум дар соли равонро пешгӯйӣ мекунад.

Бино ба маълумоти ин ташкилот, соли равон ҳосили зироати ғалладона 2 млн. 371 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 27 ҳазор тонна бештар аст, вале ҳарчанд ин ҳосили рекордии зироати ғалладона бошад ҳам, он аз ҳисоби афзоиши ғалладонаи барои хӯроки чорво ба даст меояд.

Истеҳсоли гандум дар муқоиса бо соли гузашта ба андозаи 3,6% коҳиш ёфта, ба 675 млн. тонна баробар мешавад.

Коҳиши ҳаҷми истеҳсоли зироати ғалладона бештар дар Украина, Қазоқистон, Чин, Марокаш ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба мушоҳида хоҳад расид.

Тибқи пешғӯйии ФАО, соли равон истеҳсоли шолӣ ба андозаи 1,7%, шакар – 4,6% ва шир – 2,7% зиёд мешаванд.

 Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, моҳи апрел нархҳои ҷаҳонӣ ба навъҳои асосии маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла орду шакар ва шир ба андозаи начандон назаррас поин рафтаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.