Баррасии масъалаи сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳраки Шӯроб

Нимаи дуюми рӯзи 8-уми май дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндагони ширкати HOS International Trading (PTY) Ltd (Малайзия) бо сардории Хилай Абдул Сатар баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар вохўрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба сохтмони нерўгоҳҳои барқи обии […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми рӯзи 8-уми май дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндагони ширкати HOS International Trading (PTY) Ltd (Малайзия) бо сардории Хилай Абдул Сатар баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар вохўрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба сохтмони нерўгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва сохтмони маркази барқу гармдиҳиро бо истифода аз ангишт (300 мВт) дар шаҳраки Шўроби н.Исфара мавриди баррасӣ қарор доданд.

Пас аз вохўриҳо ва гуфтушунидҳо Меморандум оид ба ҳамкориҳо миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати HOS International Trading (PTY) Ltd дар соҳаи сохтмони нерўгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва Меморандум оид ба ҳамкориҳо дар самти бунёди сохтмони маркази барқу гармдиҳӣ бо истифода аз ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.