Кумитаи дин бақайдгирии зойирини тоҷикро оғоз кард

Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ бақайдгирии зойирини тоҷикро оғоз кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи умури дин хабар доданд, соли равон танҳо шаҳрвандоне, ки муддати 5 соли ахир ба ҳаҷ нарафта буданд, метавонанд ба зиёрати Хонаи Худо раванд. «Ин тасмим дар маҷлиси Кумитаи умури дин бо иштироки намояндагони Прокуратураи генералӣ қабул гардида, ҳадаф […]

ASIA-Plus


Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ бақайдгирии зойирини тоҷикро оғоз кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи умури дин хабар доданд, соли равон танҳо шаҳрвандоне, ки муддати 5 соли ахир ба ҳаҷ нарафта буданд, метавонанд ба зиёрати Хонаи Худо раванд.

«Ин тасмим дар маҷлиси Кумитаи умури дин бо иштироки намояндагони Прокуратураи генералӣ қабул гардида, ҳадаф аз он ҳарчи бештар шаффоф кардани ҷараёни фиристодани зойирин ба ҳаҷ аст», – гуфтанд дар кумита.

Ба иттилои манбаъ, бақайдгирии хоҳишмандони зиёрати Хонаи Худо дар кумита санаи 1-уми май оғоз гардида, то ахири моҳ идома меёбад, вале то ҳанӯз арзиши ҳаҷҷи имсола барои тоҷикистониён муқаррар карда нашудааст, зеро ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» то ба ҳол нархномаҳои парвози ҳавопаймо тавассути хатсайрҳои Душанбе-Ҷидда-Душанбе ва Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷандро ба кумита пешниҳод накардаанд.

Дар Кумитаи умури дин ҳамчунин зикр карданд, ки соли равон маблағи арзиши адои маросими ҳаҷ танҳо бо асъори миллӣ пардохт карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта барои маросими адои ҳаҷ ба Тоҷикистон 5,5 ҳазор квота ҷудо гардида, маблағи он дар маҷмӯъ 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дода буд. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, сарулибоси маъмулӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда шуданд.

Соли равон Вазорати умури ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷ ба Тоҷикистон 6 ҳазор квота ҷудо кард.

Дар ҳамин ҳол, ҳамасола бинобар сабаби нокофӣ будани шумораи квотаҳо, ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон аз адоми маросими ҳаҷ ба Хонаи Худо маҳрум мешаванд. Аз ин рӯ, барои адои маросими ҳаҷ шаҳрвандони Тоҷикистон аксаран аз квотаҳои кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Русияву Қазоқистон истифода менамоянд. Мақомоти марбутаи Арабистони Саудӣ дар робита ба ин масъала изҳор кардаанд, ки соли гузашта аз квотаҳои кишварҳои дигар беш аз 600 нафар зойирини тоҷик истифода кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.