Вохӯрии вазири корҳои дохилӣ бо гузоришгари махсуси СММ оид ба шиканҷа

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо гузоришгари махсуси СММ оид ба масоили шиканҷа Хуан Мендез вохӯрӣ доир намуд. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ Рамазон Раҳимов оид ба сиёсати давлати Тоҷикистон ҷиҳати такмил додани қонунгузорӣ ва расмиёти мавҷуда, ки ба ҳифзи ҳуқуқ ва шаъну шарафи инсон равона шудаанд, […]

ASIA-Plus


Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо гузоришгари махсуси СММ оид ба масоили шиканҷа Хуан Мендез вохӯрӣ доир намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ Рамазон Раҳимов оид ба сиёсати давлати Тоҷикистон ҷиҳати такмил додани қонунгузорӣ ва расмиёти мавҷуда, ки ба ҳифзи ҳуқуқ ва шаъну шарафи инсон равона шудаанд, муфассал баромад кард. Рамазон Раҳимов иброз намуд, ки мушкилоти мавҷударо дар ҳамбастагӣ  бартараф намуда, минбаъд низ фаъолиятро мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ хоҳем мон

Рамазон Раҳимов аз ҷумла, қайд кард ки: Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷойҳои нигоҳдории шахсони дар ҳабс буда, ки ҷиноят содир кардаанд, дар системаи Вазорати корҳои дохилӣ танҳо Маҳкамаи нигоҳдории муваққатӣ ва ҳабсшудагон (ИВС) боқӣ мондааст.

Ҳуқуқҳои шахсони дар ҳабс буда, бо моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.06.с.2011 «Оид ба тартиб ва шароити нигоҳдории гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва ҳабсшудагон» ба низом дароварда мешавад.

Мутобиқи моддаи 186 КМҶ ҶТ (саломатиро пурсуҷӯ кардан) – барои дар бадани одам муайян кардани нишонаҳои махсус, изи ҷиноят, зарари ҷисмонӣ, ҳолати мастӣ ва ё дигар аломатҳо мумкин аст, пурсиши гумонбаршуда ва айбдоршаванда ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо иштироки табиб гузаронида шавад.

Дар ҳолати муайян кардан ва тасдиқи истифодаи усулҳои манъшуда ва таъсири ҷисмонӣ,  шахси ваколатдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ бо моддаҳои 314, 316, 354 КҶ ҶТ кашида мешавад.

Вохӯрӣ дар фазои якдилӣ ва якдигарфаҳмӣ ба анҷом расида, дар хотима, Вазири корҳои дохилӣ ба Хуан Мендез ҷиҳати фаъолияти инсондӯстонааш ба ҷомеаи мо изҳори миннатдорӣ намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.