Соли равон беш аз 33 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд

Корхонаҳои соҳаи ангишти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъбасти чор моҳи соли ҷорӣ (январ-апрел) 3 корхона ҶСШК «Ангишт», КФ «Фон-Яғноб», Минтақаи «Угольная»-и КМ «Анзоб» фаъолият намуда, истихроҷи ангишт ба 33204,0 тн расонида, нисбати нақша 10104,0 тн (143,7%) ва нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 11268,0 тн (151,30%) зиёд ангишт истеҳсол кардаанд. Бино ба маълумоти […]

Виктория Наумова, Пайрав Чоршанбиев


Корхонаҳои соҳаи ангишти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъбасти чор моҳи соли ҷорӣ (январ-апрел) 3 корхона ҶСШК «Ангишт», КФ «Фон-Яғноб», Минтақаи «Угольная»-и КМ «Анзоб» фаъолият намуда, истихроҷи ангишт ба 33204,0 тн расонида, нисбати нақша 10104,0 тн (143,7%) ва нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 11268,0 тн (151,30%) зиёд ангишт истеҳсол кардаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар давраи ҳисоботӣ 45468 тн ангишт ба фурўш бароварда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 23480 тн (206,8%) зиёд мебошад. Воридоти ангишт то санаи 1.04. 2012-ум 5165,5 тоннаро ташкил медиҳад.

Захираи ангишт бо бақияи ангишт назар ба соли гузашта дар анборҳо ва нуқтаҳои фурўши ангишти корхонаҳои соҳа 35905,0 тоннаро ташкил дода, истихроҷи ангиштро аз моҳҳои май-июн бо назардошти мавсимӣ буданашон оғоз менамоянд.

Содироти ангишт ба хориҷи кишвар тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012 № 49-ф манъ карда шудааст.

Айни замон 80 адад корхонаҳои хиштбарорӣ, 28 адад оҳангудозӣ, 6 адад заводҳои сементбарорӣ, як адад заводи щищабарорӣ ва 21 адад корхонаҳои саноати хурокворӣ фаъолияташонро бо истифода аз ангишт ба роҳ мондаанд.

Сардори Раёсати саноати истихроҷи ангишт ва навъҳои алтернативии энергияи Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Бадриддин Абдураҳимов мегӯяд, айни замон дар Тоҷикистон беш аз 36 кон ва мавзеъҳои дорои ангишт ошкор ва қисман омӯхта шудаанд.

«Захираҳои умумии ангишт дар Тоҷикистон дар ҳаҷми 3,6 млрд. тонна арзёбӣ мешаванд, ки 714 млн. тоннаи он захираҳои тасдиқшуда мебошанд», – гуфт ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.