Парлумон дархости ҳукуматро дастгирӣ кард

Date:


Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ даъвати чорум вакилони парлумон бидуни баррасӣ тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии ҶТ барои соли 2012»-ро маъқул шумориданд.

Зимни суханронӣ оид ба ин масъала дар назди вакилон муовини вазири молияи кишвар Руҳулло Ҳакимов изҳор кард, ки  мутобиқи тағйироти пешниҳодшуда, ҶДММ «Зерновая компания»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд барои воридоти технологияи нави истеҳсоли маснуоти макаронӣ аз Италия аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.

«Маблағи умумии қарордод се млн. евроро ташкил дода, ширкат зимни воридоти технологияи нав аз пардохти тақрибан се млн. сомонӣ (ҳудуди 500 ҳазор евро) маблағи андозу боҷ озод карда мешавад», – зикр кард Ҳакимов.

Ба гуфтаи ӯ, хатти истеҳсолоти нав аз Италия ба корхонаи мазкур ба истеҳсоли ду тонна маҳсулоти макаронӣ дар як соат имкон фароҳам менамояд.

Имрӯз вакилон ҳамчунин дархости ҳукумат дар робита ба истифодаи 15%-и воситаҳои махсуси ба буҷет воридшаванда аз Вазорати корҳои хориҷӣ барои сохтмони бинои вазоратро низ дастгирӣ карданд, ки ҳудуди 4 млн. сомониро ташкил медиҳад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...