Боздиди президент аз макони офатзадаи ноҳияи Тавилдара

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз макони бар асари заминларза аз ҳама бештар осебдидаи ноҳияи Тавилдара боздид кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз хукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷараёни боздид сарвари давлат бо оқибатҳои заминларза аз наздик ошно гардида, бо аҳолии маҳаллӣ мулоқот кард. Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки ҳукумати кишвар барои расонидани […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз макони бар асари заминларза аз ҳама бештар осебдидаи ноҳияи Тавилдара боздид кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз хукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷараёни боздид сарвари давлат бо оқибатҳои заминларза аз наздик ошно гардида, бо аҳолии маҳаллӣ мулоқот кард.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки ҳукумати кишвар барои расонидани кӯмак ба аҳолии аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияҳои водии Рашт чораҳои таъҷилӣ хоҳад андешид.

«Мутобиқи маълумоти ба сарвари давлат пешниҳодшуда, бар асари заминларза дар ноҳияи Тавилдара 105 манзили зист пурра ва боз 155 хонаи истиқоматӣ қисман хароб шудаанд», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар дода буд, ки дар ноҳияи Тавилдара бар асари заминларза ба беш аз 100 манзили зисти сокинони маҳаллӣ зарар расонида шуда, 50 манзили зист пурра хароб гардидаанд.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи якшанбе соати 4:28 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод, ки маркази он дар 152 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 20 километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Рашт воқеъ буд.

Дар марказ қувваи заминларза 6-7 балл, дар шаҳри Душанбе – 4, шаҳраки Ғарм – 6 ва дар шаҳри Хоруғ 3-4 баллро ташкил додааст. Бар асари заминларза сокини деҳаи Тандовчии ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод зери девори манзили худ монда, ба ҳалокат расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.