Мусодираи миқдори зиёди героину ҳашиш дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар ҷараёни амалиёти навбатии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон миқдори зиёди маводи мухаддир мусодира гардид. Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, ҳангоми баргузории амалиёт дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ як сокини 41-солаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо 22 кило маводи мухаддир мавриди боздошт қарор гирифт. «Аз ин мард дар як борхалтаи варзишӣ  12 […]

Наргис Ҳамробоева


Дар ҷараёни амалиёти навбатии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон миқдори зиёди маводи мухаддир мусодира гардид.

Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, ҳангоми баргузории амалиёт дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ як сокини 41-солаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо 22 кило маводи мухаддир мавриди боздошт қарор гирифт.

«Аз ин мард дар як борхалтаи варзишӣ  12 бастаи дорои маводи мухаддири растанинасаб ва хокамонанд бо бӯи махсус ошкор ва мусодира намуданд. Лабораторияи ташхиси судии Агентӣ муайян кард, ки маводи мусодирашуда дар маҷмӯъ 22  кило буда, беш аз 2 килои он героин ва ҳудудан 20 килои боқимондаро ҳашиш ташкил медиҳад.  Бастаҳои пур аз героин дорои мӯҳр ва навиштаҷот бо хати арабиасос буданд», – гуфтанд дар агентӣ.

Зикр гардид, ки аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 200, қ. 4 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш дар ҳаҷми ниҳоят калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дастгиршуда ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Агентӣ ворид карда шуд.

«Тафтишоти пешакӣ  мушаххас кард, ки марди гумонбар оиладор ва соҳиби се фарзанд буда, қаблан ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашуда будааст», – афзуд манбаъ.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.