Парлумон дархости ҳукуматро дастгирӣ кард

Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ даъвати чорум вакилони парлумон бидуни баррасӣ тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии ҶТ барои соли 2012»-ро маъқул шумориданд. Зимни суханронӣ оид ба ин масъала дар назди вакилон муовини вазири молияи кишвар Руҳулло Ҳакимов изҳор кард, ки  мутобиқи тағйироти пешниҳодшуда, […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ даъвати чорум вакилони парлумон бидуни баррасӣ тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии ҶТ барои соли 2012»-ро маъқул шумориданд.

Зимни суханронӣ оид ба ин масъала дар назди вакилон муовини вазири молияи кишвар Руҳулло Ҳакимов изҳор кард, ки  мутобиқи тағйироти пешниҳодшуда, ҶДММ «Зерновая компания»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд барои воридоти технологияи нави истеҳсоли маснуоти макаронӣ аз Италия аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.

«Маблағи умумии қарордод се млн. евроро ташкил дода, ширкат зимни воридоти технологияи нав аз пардохти тақрибан се млн. сомонӣ (ҳудуди 500 ҳазор евро) маблағи андозу боҷ озод карда мешавад», – зикр кард Ҳакимов.

Ба гуфтаи ӯ, хатти истеҳсолоти нав аз Италия ба корхонаи мазкур ба истеҳсоли ду тонна маҳсулоти макаронӣ дар як соат имкон фароҳам менамояд.

Имрӯз вакилон ҳамчунин дархости ҳукумат дар робита ба истифодаи 15%-и воситаҳои махсуси ба буҷет воридшаванда аз Вазорати корҳои хориҷӣ барои сохтмони бинои вазоратро низ дастгирӣ карданд, ки ҳудуди 4 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.