Иштироки ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи АБП СААД

Date:


Дар шаҳри Санкт-Петербург ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси палатаи болоии парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев дар кори ҷаласаи панҷуми умумии Ассамблеяи байнипарлумонӣ (АБП)-и Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок кард.

Бо пешниҳоди М.Убайдуллоев раиси Думаи Давлатии Русия Сергей Наришкин раиси АБП СААД интихоб карда шуд.

Намояндагони парлумонҳои Тоҷикистон, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон тавсияҳо оид ба тасдиқи рӯйхати ягонаи воситаҳои нашъаовар, ки таҳти назорат дар қаламрави кишварҳои узви СААД қарор доранд ва тавсияҳо перомуни танзими қонунгузориҳои миллӣ дар бахши таъини ҷазо барои содир намудани ҷиноятро қабул карданд.

Аз рӯйи натоиҷи ҷаласа ҳамчунин ба муносибати 20-умин солгарди имзои Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 10-солагии таъсиси созмон Изҳороти АБП СААД қабул шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related