Як хориҷӣ миқдори рекордии маводи мухаддири синтетикиро интиқол доданӣ буд

Date:


Дар фурудгоҳи Душанбе кормандони хадамоти гумрук аз кӯшиши интиқоли миқдори рекордии маводи мухаддири синтетикии «метамфетамин» ба хориҷи кишвар ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумрук хабар доданд, рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта зимни азназаргузаронии гумрукии бағочи мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе-Алмаато ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир як шаҳрванди хориҷӣ боздошт шудааст.

«Аз бағочи ӯ ба миқдори беш аз 67 кило маводи мухаддири синтетикии «метамфетамин» дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфтанд дар хадамот.

Ба иттилои манбаъ, дар бозори пасипардагӣ арзиши ин миқдор маводи мухаддири мусодирашуда то ба 6 млн. доллари ИМА мерасад.

«Боздоштшуда ният доштааст, ки ин миқдор маводи мухаддирро тавассути Қазоқистон ба Малайзия интиқол диҳад», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Яке аз ҳаммаслакони гумонбаршуда – шаҳрванди Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Метамфетамин дар қатори кокаину кофеин ба маводи мухаддири навъи такондиҳандаҳо мансуб буда, ба асаб ва ҷисми инсон таъсири шадид мегузорад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...