Табрикоти ҳамдигарии сарони кишварҳои Тоҷикистону Озарбойҷон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон унвонии президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи табрикотӣ ирсол намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки ба туфайли кӯшишоти муштарак заминаи бунёдии муносибатҳои байнидавлатии дуҷониба ташкил гардида, ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон унвонии президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки ба туфайли кӯшишоти муштарак заминаи бунёдии муносибатҳои байнидавлатии дуҷониба ташкил гардида, ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ҳусни оғоз бахшида шуд ва тадриҷан робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ миёни кишварҳо таҳким ёфта, муколамаи сиёсӣ, аз ҷумла дар сатҳи болоӣ низ дар ҳоли густариш аст.

Дар барқияи ҷавобии сарвари давлати Озарбойҷон Илҳом Алиев таъкид мегардад, ки Озарбойҷон минбаъд низ дар асоси манфиати мутақобила ба густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра омода аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.