Чанде қабл дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ як гурӯҳи навбатии муташаккили ҷиноӣ боздошт шуд, ки аъзои он ахиран ба як қатор ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла куштору амалҳои террористӣ даст задаанд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД, пешвои гурӯҳ шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Шералӣ Адҳамов буда, аъзои гурӯҳ зимни боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд. Ҳеҷ яке аз кормандони милиса осеб надид. Амалиёти боздошти гурӯҳ дар зодгоҳи Ш.Адҳамов – деҳаи Бедаки ноҳияи Панҷ гузаронида шуд. Ҳамроҳи пешвои гурӯҳ боз се нафар ҳаммаслакони ӯ низ дастгир гардиданд.
Гуфта мешавад, дар ҷойи истиқоматии Ш. Адҳамов ду адад автомати тамғаи Калашников, ду норинҷак, 800 дона тир, 15 адад телефони мобилӣ, 103 адад симкарта, як адад воситаи мухобира дигар таҷҳизоти ҳарбӣ, якчанд автомашинаҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада, миқдори ниҳоят калони маводи мухаддир ва ҳуҷҷатҳое, ки аз содир шудани ҷиноят шаҳодат медиҳанд, ёфт ва мусодира карда шуд.
Дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ зикр карданд, ки амалиёти мазкур дар ҳамдастӣ бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ доир гардид.


