Писари раиси пойтахт ба Раёсати консулгарии ВКХ роҳбарӣ мекунад

Date:


Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ба Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ роҳбарӣ мекунад. Ин таъинот қариб ним сол пеш сурат гирифтааст, вале ВАО аз ин хусус танҳо акнун воқиф шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, то таъин шудан ба мансаби сарвари Раёсати консулгарӣ, Ҷ. Убайдуллоев дар Шуъбаи ҳамкории иқтисодии хориҷии ВКХ ҶТ машғули кор будааст.

Моҳи августи соли гузашта писари дигари раиси пойтахт Амирҷон Убайдуллоев бо фармони президенти Тоҷикистон намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор таъин шуд. Қаблан ин мансабро Ҷамолиддин Нуралиев, домоди президенти кишвар ишғол мекард, ки феълан муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон аст.

Бино ба маълумоти радиои «Озодӣ», то ҳанӯз дар мансаби роҳбари Раёсати консулгарии ВКХ ҶТ шахсоне чун Баҳром Холназаров, домоди бародари президенти Тоҷикистон ва ҳамчунин духтари президент Озода Раҳмонова ифои вазифа кардаанд. Айни замон Баҳром Холназаров сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Озода Раҳмонова муовини вазири корҳои хориҷӣ мебошанд.

Худи Маҳмадсаид Убайдуллоев муддати беш аз 15 сол аст, ки раиси шаҳри Душанбе буда, аз соли 2000 раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...