Ӯзбекистон ба убури техникаи ҳарбии Қазоқистон ба вилояти Суғд роҳ надод

Дар маросими ифтитоҳи марҳилаи ниҳоии тамринҳои низомии зиддитеррористии ҳайати фармондеҳиву ситоди Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви СҲШ таҳти унвони «Рисолати сулҳовар-2012» дар машқгоҳи Чоруқдаррони вилояти Суғд ҳайати Қазоқистон изҳор кард, ки ҳукуматдорони Ӯзбекистон ба убури техникаи ҳарбии ин кишвар тавассути қаламравашон барои иштирок дар ин тамринҳо роҳ надодаанд. Кордори масоили низомии сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон Серик […]

Мавлуда Рафиева


Дар маросими ифтитоҳи марҳилаи ниҳоии тамринҳои низомии зиддитеррористии ҳайати фармондеҳиву ситоди Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви СҲШ таҳти унвони «Рисолати сулҳовар-2012» дар машқгоҳи Чоруқдаррони вилояти Суғд ҳайати Қазоқистон изҳор кард, ки ҳукуматдорони Ӯзбекистон ба убури техникаи ҳарбии ин кишвар тавассути қаламравашон барои иштирок дар ин тамринҳо роҳ надодаанд.

Кордори масоили низомии сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон Серик Жумадилов дар ҷамъи рӯзноманигорон иброз дошт, ки техникаи ҳарбӣ ва ҳайати шахсии воҳидҳои низомии Қазоқистон, ки дар тамринҳо иштирок мекунанд, бидуни убури қаламрави Ӯзбекистон тариқи Қирғизистон ба вилояти Суғд интиқол дода шудаанд. Таври маълум, миёни кишварҳои узви СҲШ танҳо намояндагони Ӯзбекистон дар ин тамринҳо иштирок надоранд.

Тамринҳои низомии мазкур санаи 7-уми июн оғоз гардида, дар он беш аз 2 ҳазор сарбозону афсарони ҷузъу томҳои низомии Тоҷикистону Қазоқистон, Чину Қирғизистон ва Русия ширкат меварзанд.

Дар марҳилаи ниҳоии ин тамринҳои низомӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ, намояндагони воҳидҳои низомии давлатҳои созмон ва сохторҳои шаҳрвандии кишварҳои хориҷи дур ва наздик ҳузур хоҳанд дошт. Миёни нозирон ҳамчунин намояндагони Ӯзбекистон низ ҳастанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.