Дар зиндони Русия як тоҷик худро ба дор овехт

Дар боздоштгоҳи муваққатии «Матросская тишина»-и шаҳри Маскав як марди 32-солаи гумонбар ба як силсила дуздиҳои хурд худро ба ҳалокат расонид. Тавре хабаргузории Интерфакс иттилоъ медиҳад, ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи душанбеи ҳафтаи равон тахминан соатҳои 22:00 дар яке аз ҳуҷраҳои боздоштгоҳ дарёфт шудааст. Мард аз матои ҷойхоби худ дор сохта, ба он дар панҷараи тиреза худро […]

ASIA-Plus


Дар боздоштгоҳи муваққатии «Матросская тишина»-и шаҳри Маскав як марди 32-солаи гумонбар ба як силсила дуздиҳои хурд худро ба ҳалокат расонид.

Тавре хабаргузории Интерфакс иттилоъ медиҳад, ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи душанбеи ҳафтаи равон тахминан соатҳои 22:00 дар яке аз ҳуҷраҳои боздоштгоҳ дарёфт шудааст. Мард аз матои ҷойхоби худ дор сохта, ба он дар панҷараи тиреза худро ба дор овехтааст. Кормандони боздоштгоҳ кӯшиш кардаанд, ки ӯро наҷот диҳанд, вале он бенатиҷа анҷом ёфтааст.

Аз рӯйи далели даст ба худкушӣ задан санҷиши тотафтишотӣ гузаронида мешавад. Дар ҷараёни он сатҳи масъулияти гурӯҳи навбатдории боздоштгоҳ, ки ба худкушӣ омодагӣ гирифтани маҳбусро пай набурдааст, муайян карда хоҳад шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, ин мард санаи 31-уми май дарҳол пас аз харидани миқдори зиёди героин боздошт гардидааст. Дар ҷараёни тафтишот даст доштани ӯ ба як силисла дуздиҳои хурд низ собит гардидааст. Ӯ бо роҳи дуздӣ барои харидории маводи нашъаовар маблағ ба даст меовардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.