Мусодираи ҳудуди 500 кило нашъа дар доираи амалиёти «Канал-Шарқ»

Дар чаҳорчӯби баргузории амалиёти минтақавии зиддимухаддироти «Канал-Шарқ» (4-9-уми июн) дар Тоҷикистон ҳудуди 500 кило маводи мухаддир мусодира шуд. Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, дар ин давра кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ 13 ҷинояти марбут ба қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор карданд. Қобили зикр аст, […]

ASIA-Plus


Дар чаҳорчӯби баргузории амалиёти минтақавии зиддимухаддироти «Канал-Шарқ» (4-9-уми июн) дар Тоҷикистон ҳудуди 500 кило маводи мухаддир мусодира шуд.

Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, дар ин давра кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ 13 ҷинояти марбут ба қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор карданд.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи қарори сарварони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҷиҳати ошкору қатъ кардани роҳҳои қочоқи маводи нашъадори истеҳсоли ҶИА аз тариқи Осиёи Марказӣ ба Россия ва Аврупо, инчунин интиқоли ғайриқонунии  прекурсорҳо аз хориҷа ба Афғонистон, аз 4 то 9-уми июни соли ҷорӣ дар қаламрави давлатҳои аъзои СААД – Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон амалиёти минтақавии оперативӣ – пешгирикунандаи «Канал-Шарқ» гузаронида шуд.

Кишварҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Муғулистон дар ин амалиёт ба ҳайси нозир иштирок доштанд. Раёсати оперативии Ситоди байналмилалии ҳамоҳангсозӣ доир ба роҳбарии амалиёт дар шаҳри  Благовешенски Федератсияи Россия ташкил карда шуд, ки дар кори он намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон иширок намуд.

Гузаронидани ин амалиёт дар асоси қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар бораи ба амалиёти «Канал» додани статуси амалиёти зиддимухаддиротии минтақавии доимоамалкунанда аз моҳи сентябри соли 2008  ва мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти дахлдори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори кишварҳои аъзои СААД барои солҳои 2012-2013 амалӣ гардидааст.

Мақсади баргузории амалиёти мазкур аз ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии давлатҳои иштирокчӣ, беҳдошти вазъи ҷиноӣ дар минтаъқаи давлатҳои аъзои СААД, пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи мухаддиротии трансмиллӣ, ки ҳудуди кишварҳои минтаъқаро барои қочоқи маводи нашъадор истифода мебаранд, инчунин аз муомилоти ғайриқонунӣ боздоштани маводи нашъадор, яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ иборат мебошад.

Дар ҷараёни гузаронидани амалиёти «Канал-Шарқ» 44 ҳазор кормандон сафарбар гардида, барои бастани самтҳои асосии қочоқи  маводи нашъадор дар 314 истгоҳҳои роҳи оҳан, 114 фурудгоҳҳо, 1252 роҳҳои автомобилгард ва 56 истгоҳҳои баҳрӣ  2086 гурӯҳҳои оперативии муштарак ва 2152 дидбонгоҳ ташкил дода  шуданд. Қариб 31 ҳазор воситаи нақлиёт, аз ҷумла 11402 адад нақлиёти боркаши калон, 19556 автомобили сабукрав, инчунин 1115 поездҳои мусофирбар, 409 почтабар ва 1165 қатораҳои боркаши роҳи оҳан санҷида шуданд. 4036 ҷиноят, аз ҷумла 683 ҷинояти вобаста ба муомилоти маводи нашъадор ва 85-то дар шакли гурӯҳӣ ошкор карда шуд.

Дар натиҷа аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии давлатҳои аъзои СААД дар маҷмӯъ зиёда аз 5 тона маводи мухаддир мусодира гардидааст. Аз ин миқдор 552 киллоро героин, 241 кило афъюн, инчунин зиёда аз 14 тонна прекурсор ташкил мекунад. Ҳамзамон 250 адад яроқи оташфишон ва шумораи зиёди аслиҳа мусодира гардид.

Бо мақсади ташкили ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорат ва идораҳои иштирокчии амалиёт дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ширкати намояндагони мутассадии Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук Ситоди миллии байниидоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шуда буд.

Дар амалиёт аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 32 гурӯҳи муштарак ҷиҳати амалӣ намудани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар муассисаҳои нақлиёт, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, роҳҳои автомобилгард ва самтҳои асосии қочоқи  маводи нашъадор ташкил шуда буд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин давра 13 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадорро ошкору қатъ ва қариб ним тонна маводи  мухаддир мусодира карданд.

Таҷрибаи пешқадами баргузории амалиётҳои минтақавии оперативӣ-пешгирикунанда, аз ҷумла «Канал-Ҷануб соли 2010 дар Тоҷикистон, «Канал-Ғарб» соли 2011 дар Белоруссия ва «Канал-Шарқ» имсол дар Благовешенск, имконият медиҳанд, ки мубориза бо маводи нашъадор дар сатҳи миллӣ самараноктар ташкил карда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.