Як силсила чорабинҳои ҲНИТ ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ

Аз аввали моҳи июни соли равон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба баргузории як силсила чорабиниҳо ба муносибати таҷлили ҷашни 15-умин солгарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ оғоз кард. Санаи 27-уми июн дар Тоҷикистон ҳамасола ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳайит хабар дод, дар […]

Аваз Юлдошев


Аз аввали моҳи июни соли равон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба баргузории як силсила чорабиниҳо ба муносибати таҷлили ҷашни 15-умин солгарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ оғоз кард. Санаи 27-уми июн дар Тоҷикистон ҳамасола ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳайит хабар дод, дар доираи ин чорабиниҳо имрӯз вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз ҲНИТ Сайидумар Ҳусайнӣ бо аҳолии ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон мулоқот анҷом дод.

Чорабиниҳои ҲНИТ бахшида ба ин ҷашн бо баргузории мизи гирд, ки дар он иштироки мақомоти раҳбарии ҳизб, намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ, Комиссияи оштии миллӣ, собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик дар назар аст, ба итмом мерасанд. Мизи гирди мазкур санаи 24-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.