Таҷлили Рӯзи байнулмилалии донори хун дар Душанбе

Имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии донори хун қайд карда мешавад. Ба ин муносибат дар Маркази ҷумҳурияви илмии хун дар шаҳри Душанбе аксияи якҳафтаинаи «Қатраи хуни ту наҷотбахши ҳаётест» оғоз гардид. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Маркази ҷумҳуриявии илмии хун Нуралӣ Ашӯралиев хабар дод, то нимаи рӯз дар марказ аллакай 400 нафар […]

Валентина Кондрашова


Имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии донори хун қайд карда мешавад. Ба ин муносибат дар Маркази ҷумҳурияви илмии хун дар шаҳри Душанбе аксияи якҳафтаинаи «Қатраи хуни ту наҷотбахши ҳаётест» оғоз гардид.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Маркази ҷумҳуриявии илмии хун Нуралӣ Ашӯралиев хабар дод, то нимаи рӯз дар марказ аллакай 400 нафар ихтиёран хун супориданд, ки аслан кормандони соҳати тиб буданд ва  то бегоҳ 500-700 хунсупорӣ дар назар аст.

Ба гуфтаи Ашӯралиев, аксияи мазкур то 21-уми июн идома ёфта, дар ин давра ҳар як хоҳишманд метавонад ба марказ омада хун супорад ва дар кори наҷоти ҳаёти мардум саҳм бигузорад. «Тамоми хуни супурдашуда аз санҷиши зарурӣ гузашта, сипас барои нигаҳдорӣ захира мегардад», – гуфт ӯ.

Дар робита ба масъалаи шумори донорони хун дар кишвар номбурда гуфт, тибқи маълумот соли гузашта дар марказ шумори онҳо 20 ҳазор нафар ва дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 37 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ 67 ҳазор нафар дар кишвар ба унвони «Донори фахрӣ» мушарраф гардида, айни замон ҳуҷҷатҳои боз 11 нафар барои гирифтани ин унвон омода шудаанд.

Ашӯралиев мегӯяд, феълан дар марказ 800 литр хуни захира мавҷуд аст. Айни замон Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дорои ду гурӯҳи зудамал ва автомобилҳои махсус мебошад, ки барои интиқоли хун ба манотиқи кишвар ва баргузории таҳқиқот заруранд.

Ин мошинҳо бо барқи мустақил таъминанд ва ҳамчунин дар дохили онҳо яхдонҳои махсус барои сафар, ҷои махсус барои оббозӣ ва ташноб мавҷуд аст.

Худи марказ дар таъмини нармкурсиҳо ва таҷҳизот барои ҷудо намудани ҷузъҳои хун, коркарду ташхиси хун кӯмак мерасонад.

Дар соли 2011 дар ҷумҳурӣ 30 ҳазор хунсупорӣ ба амал омадааст, ки ин тақрибан 15 000 литрро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.