Мукофотпулии калони ВКД барои кӯмак дар боздошти қотили Холмӯъмин Сафаров

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба шахсоне, ки дар тафтишот, ошкор ва дастгир намудани қотили директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмӯъмин Сафарови 57-сола кӯмаку мусоидат мекунанд, маблағи калони мукофотпулӣ ваъда кард. Фавтида ҳамсари хоҳари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар иттилои расмии ин мақомот гуфта мешавад, […]

ASIA-Plus


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба шахсоне, ки дар тафтишот, ошкор ва дастгир намудани қотили директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмӯъмин Сафарови 57-сола кӯмаку мусоидат мекунанд, маблағи калони мукофотпулӣ ваъда кард. Фавтида ҳамсари хоҳари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

Дар иттилои расмии ин мақомот гуфта мешавад, бо фармони вазири корҳои дохилӣ гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода шуда, тафтиши ҳодиса таҳти назорати қатъӣ гирифта шудааст.

ВКД иттилоъ медиҳад, ки куштор соати 21:40-и дақиқаи рӯзи 13-уми июн дар назди хонаи кӯдаконаи №2, наздикии автовокзали пойтахт ба вуқӯъ пайвастааст.

«Шахсони номаълум Сафаровро тавассути таппончаи тамғаи «Макаров» аз қисмати рӯй, қафаси сина ва шикам захмӣ намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Ҷабрдида дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ҳалок мегардад», – зикр мегардад дар иттилои ВКД. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.