Дастрасӣ ба торнамои «Азия-Плюс» барқарор шуд

Нимаи дуюми имрӯз дастрасӣ ба торнамои писандидаи тоҷикистониён – www.news.tj барқарор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз чанде аз ин ширкатҳо хабар доданд, имрӯз ба онҳо аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ дар хусуси барқарор кардани дастрасӣ ба сомонаи медиа-холдинг нома расидааст. Ёдрас мекунем, ки муддати беш аз 2 шабонарӯз як қисмате аз истифодабарандагони торнамо […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми имрӯз дастрасӣ ба торнамои писандидаи тоҷикистониён –

www.news.tj

барқарор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз чанде аз ин ширкатҳо хабар доданд, имрӯз ба онҳо аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ дар хусуси барқарор кардани дастрасӣ ба сомонаи медиа-холдинг нома расидааст.

Ёдрас мекунем, ки муддати беш аз 2 шабонарӯз як қисмате аз истифодабарандагони торнамо дар Тоҷикистон ба иллати қатъи дастрасӣ ба сомона дар асоси мактуби сардори Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров ба он ворид шуда наметавонистанд. Қатъи дастрасӣ ба сомона бо «сабабҳои техникӣ ва корҳои профилактикӣ» шарҳ дода шуда буд.

Баъдтар маълум шуд, ки Б.Зуҳуров тасмим гирифтааст, барои дар поварақи иттилооту мақолаҳо ба нашри як шарҳи иғвобарангези корбари торнамо роҳ додан, дастрасӣ ба сомонаро қатъ кунад. Пас аз гуфтушунид бо масъулони торнамои медиа-холдинг, Бег Зуҳуров ваъда дода буд, ки ояндаи наздик мушкилоти дастрасӣ ба сомонаи хабаргузорӣ ҳал мешавад.

Ҳамчунин чанде аз ширкатҳои фароҳамсози интернет дастрасӣ ба торнамои дигари медиа-холдинги «Азия-Плюс» – сомонаи

www.islamnews.tj-ро

низ қатъ карда буданд. Сомонаи мазкур лоиҳаи холдинг буда, ҳаёти мусулмонон дар Тоҷикистон ва хориҷи кишврро инъикос менамояд. Бояд гуфт, ки ширкатҳои фароҳамсози интернет дар хусуси қатъи дастрасӣ ба ин сомона мактуб нагирифтаанд. Айни замон



www.islamnews.tj



низ барои ҳамаи корбарони Тоҷикистон боз аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.