Cудяи Суди олӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад

Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон барои ба ҷавобгарӣ кашидани судяи Суди олӣ Нур Нуров розигӣ дод. Ин қарор рӯзи гузашта дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ қабул шуд. Ба ҷавобгарӣ кашидани судя Н.Нуров ва дар сурати зарурат ба ҳабс гирифтани ӯро Прокурори генералии Тоҷикистон дархост кард. Тавре қаблан радиои «Озодӣ» хабар дода буд, Нуров ба сифати шоҳид […]

Аваз Юлдошев


Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон барои ба ҷавобгарӣ кашидани судяи Суди олӣ Нур Нуров розигӣ дод. Ин қарор рӯзи гузашта дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ қабул шуд.

Ба ҷавобгарӣ кашидани судя Н.Нуров ва дар сурати зарурат ба ҳабс гирифтани ӯро Прокурори генералии Тоҷикистон дархост кард.

Тавре қаблан радиои «Озодӣ» хабар дода буд, Нуров ба сифати шоҳид аз рӯйи «парвандаи исфарагиҳо» ҷиҳати бозпурсӣ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия даъват шуда буд.

Нур Нуров таҷрибаи 30-солаи корӣ дошта, аз моҳи июли соли 2008 то моҳи июни соли 2009 дар мурофиаи баррасии парвандаи 33 нафар сокинони Исфара иштирок карда буд. Онҳо тибқи парвандаи собиқ директори корхонаи кимиёи Исфара ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Низомхон Ҷӯраев ба ҷавобгарӣ кашида шуда буданд.

Пас аз эълони ҳукм нисбат ба 33 нафар сокинони Исфара собиқ прокурори генералии ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов ба он эътироз оварда, ин қарорро ноҳақу нодуруст унвон карда буд. Ин қазия ба таври густарда дар васоити ахбори умуми ватанӣ ва хориҷӣ инъикос гардида, ҳатто се нафар судяҳо, аз ҷумла Нур Нуров низ гӯё барои таҳрифомез инъикос кардани қазия нисбати як қатор нашрияҳо даъво ва дар ҳаҷми 5 млн. сомонӣ ҷуброни маънавӣ талаб карданд.

Акнун пас аз бозгашти Низомхон Ҷӯраев ба ватан тафтишоти парванда дубора барқарор шуда, дар он ҳолатҳои нав пайдо шуданд. Аз ҷумла, моҳи ахир дар робита ба парвандаи Низомхон Ҷӯраев ва 33 нафар сокинони Исфара собиқ корманди прокуратура ба ҳабс гирифта шуд. Истеъфои прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Эмом Ғойибов ва ёвари прокурори вилояти Суғд Очил Одиловро низ ба ин парванда рабт медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.