Хатсайрҳои нави «Тоҷик Эйр» ба Ҳиндустону Афғонистон

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо кишварҳои Ҳиндустону Афғонистон робитаи ҳавоӣ барқарор мекунад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкат, парвозҳо тавассути хатсайри Душанбе-Деҳлӣ ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа бо ҳавопаймои Боинг-737 анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 07:30 дақиқа муқаррар шудааст. Давомнокии парвоз 2 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад. Арзиши билет 240 евро аст. Парвози […]

Виктория Наумова


Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо кишварҳои Ҳиндустону Афғонистон робитаи ҳавоӣ барқарор мекунад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкат, парвозҳо тавассути хатсайри Душанбе-Деҳлӣ ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа бо ҳавопаймои Боинг-737 анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 07:30 дақиқа муқаррар шудааст. Давомнокии парвоз 2 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад. Арзиши билет 240 евро аст. Парвози аввалин тавассути ин хатсайр рӯзи 29-уми июн ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз 3-юми июл ширкати «Тоҷик Эйр» ҳамчунин ба анҷоми парвозҳо тавассути хатсайри Душанбе-Кобул низ шурӯъ менамояд. Парвоз ҳар ҳафта рӯзи сешанбе тавассути ҳавопаймои Ма-60 анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз бо вақти маҳаллӣ соати 09:30 дақиқа муқаррар шудааст. Давомнокии парвоз 1 соату 30 дақиқаро ташкил дода, арзиши билет 180 евро аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.