Ифтитоҳи конфронси минтақавӣ оид ба Афғонистон дар Кобул

Имрӯз дар Кобул конфронси минтақавӣ оид ба Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои «Қалби Осиё» ба кор шурӯъ мекунад. Тоҷикистонро дар ин конфронс вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ намояндагӣ мекунад. Тавре хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад, дар конфронс баррасии масоили ба мақомоти қудратии Афғонистон супурдани масъулияти таъмини амнияти дохилӣ, раванди оштии миллӣ, мубориза […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар Кобул конфронси минтақавӣ оид ба Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои «Қалби Осиё» ба кор шурӯъ мекунад. Тоҷикистонро дар ин конфронс вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ намояндагӣ мекунад.

Тавре хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад, дар конфронс баррасии масоили ба мақомоти қудратии Афғонистон супурдани масъулияти таъмини амнияти дохилӣ, раванди оштии миллӣ, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ҳалли мушкилоти гурезагон, таҳкими тадбирҳои ҳосил шудани эътимод дар минтақа дар бахшҳои гуногун дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, конфронси мазкур дар идомаи рушд ва амалисозии натоиҷи конфронси минтақавии Истамбул доир мегардад. Конфронси Истамбул аввали моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда, дар кори он ҳайатҳои 20 кишвари ҷаҳон, намояндагони СММ, НАТО ва созмонҳои башардӯстонаи байнулмилалӣ ширкат варзида буданд.

Дар конфронси Истамбул ҷонибҳо бобати кӯмаки ҳамаҷониба расонидан ба Афғонистон дар барқарор ва эҳё кардани низоми тандурустӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм ва тундгаройии исломӣ ба мувофиқа расида буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.