«Сомон Эйр» боз як «Боинг»-и дигар дастрас кард

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» соҳиби боз як ҳавопаймои Боинг 737-300 гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ хабар доданд, ҳавопаймо бо тарзи лизинги молиявӣ гирифта шудааст. Ҳавопаймо дорои 149 ҷойи нишаст мебошад. Дар хусуси дастрас кардани ин ҳавопаймо миёни ширкати «Сомон Эйр» ва «Boeing Capital Corporation» гуфтушунидҳо анҷом пазируфтанд. Ба иттилои манбаъ, мақомоти раҳбарии ширкат […]

Виктория Наумова


Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» соҳиби боз як ҳавопаймои Боинг 737-300 гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ хабар доданд, ҳавопаймо бо тарзи лизинги молиявӣ гирифта шудааст. Ҳавопаймо дорои 149 ҷойи нишаст мебошад. Дар хусуси дастрас кардани ин ҳавопаймо миёни ширкати «Сомон Эйр» ва «Boeing Capital Corporation» гуфтушунидҳо анҷом пазируфтанд.

Ба иттилои манбаъ, мақомоти раҳбарии ширкат тасмим гирифтааст, ки ҳавопаймои навро ба исми Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Нусратулло Махсум номгузорӣ кунад.

Ёдрас мекунем, ки айни замон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дорои 6 ҳавопаймо – ду Боинги 737-900, ду Боинги 7337-800 ва ду Боинги 737-300 аст.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» соли 2008 ба фаъолият оғоз кард. Айни замон Ширкати «Сомон Эйр» парвози ҳавопаймоҳо аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Франкфурти Майн (Олмон), Дубай (АМА), Истамбул (Туркия), Урумчӣ (Чин), Ҷидда (Арабистони Саъудӣ), Симферопол (Украина), Маскав, Санкт-Петербург, Оренбург, Красноярск (Русия), Алмаато (Қазоқистон) ва аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳрҳои Санкт-Петрбург, Красноярск, Ханти-Мансийск, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск ва Нижневартовск (Русия)-ро ба анҷом мерасонад.

Ғайр аз ин аз шаҳри Хуҷанд мунтазам парвози ҳавопаймоҳо ба шаҳрҳои Красноярску Санкт-Петербург, Оренбург, Нижневартовск, Екатеринбург, Ханти-Мансийск, Қазон, Тюмен, Иркутск ва Новосибирск анҷом дода мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.