Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба шахсоне, ки дар тафтишот, ошкор ва дастгир намудани қотили директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмӯъмин Сафарови 57-сола кӯмаку мусоидат мекунанд, маблағи калони мукофотпулӣ ваъда кард. Фавтида ҳамсари хоҳари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.
Дар иттилои расмии ин мақомот гуфта мешавад, бо фармони вазири корҳои дохилӣ гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода шуда, тафтиши ҳодиса таҳти назорати қатъӣ гирифта шудааст.
ВКД иттилоъ медиҳад, ки куштор соати 21:40-и дақиқаи рӯзи 13-уми июн дар назди хонаи кӯдаконаи №2, наздикии автовокзали пойтахт ба вуқӯъ пайвастааст.
«Шахсони номаълум Сафаровро тавассути таппончаи тамғаи «Макаров» аз қисмати рӯй, қафаси сина ва шикам захмӣ намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Ҷабрдида дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ҳалок мегардад», – зикр мегардад дар иттилои ВКД.


