Тағйирот дар мақомоти раҳбарии кумитаҳои Маҷлиси миллӣ

Date:


Бо қарори иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум дар мақомоти раҳбарии кумитаҳои палатаи болоии парлумон як қатор тағйирот ба вуқӯъ пайваст.

Ба ин тартиб, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Бахтиёр Худоёров, ки ахири ҳафтаи гузашта ба аъзогии Маҷлиси миллӣ интихоб шуда буд, ба вазифаи раиси Кумитаи палатаи болоии парлумон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва қонуният таъин шуд.

Президенти Академияи улуми Тоҷикистон Мамадшо Илолов, ки қаблан ин вазифаро бар дӯш дошт, ба вазифаи раиси Кумитаи палатаи болоии парлумон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, созмонҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва робитаҳои байнипарлумонӣ таъин шуд.

Раиси қаблии ин кумита Иброҳим Абдуллоев акнун ба сифати муовини Мамадшо Илолов ифои вазифа мекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...