Васеъ шудани қаламрави Данғара аз ҳисоби шаҳру навоҳии наздик

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон лоиҳаи қарори аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда дар бораи тағйири сарҳадҳои ноҳияи Данғараи вилояти Хатлонро якдилона дастгирӣ карданд. Мувофиқи қарори қабулшудаи палатаи болоии парлумони кишвар, қаламрави ноҳияи Данғара ба андозаи 2 ҳазору 231,5 гектар аз ҳисоби заминҳои шаҳри ба он наздики Сарбанд (887,51 гектар), ноҳияи Ёвон (481,20 гектар) ва ноҳияи […]

Аваз Юлдошев


Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон лоиҳаи қарори аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда дар бораи тағйири сарҳадҳои ноҳияи Данғараи вилояти Хатлонро якдилона дастгирӣ карданд.

Мувофиқи қарори қабулшудаи палатаи болоии парлумони кишвар, қаламрави ноҳияи Данғара ба андозаи 2 ҳазору 231,5 гектар аз ҳисоби заминҳои шаҳри ба он наздики Сарбанд (887,51 гектар), ноҳияи Ёвон (481,20 гектар) ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (872,79 гектар) васеъ мегардад.

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳоди ҳукумат дар бораи тағйири номи як қатор маҳаллаҳои аҳолинишини вилояти Хатлон ва ВМКБ-ро низ дастгирӣ намуданд.

Ҳамин тариқ, шаҳраки Куйбишев ба шаҳраки Ҷомӣ, деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ – Комсомол ба Чорбоғ, Қурултой ба Боқӣ Раҳимзода, Чкалов ба Истиқлол, Агроном ба Нусратулло Махсум, Фрунзе ба Исмоили Сомонӣ, Ударник ба Ганҷина, Политотдел ба Маданият, Заря Востока ба Шаҳристон, Крилов ба Сайроб, Ферма ба Кӯҳдоман, Телман ба Сумбула, Маяков ба Ёсуман, Энгелс ба Зарнисор, Коммунист ба Ваҳдат ва Октябр ба Ҳилолӣ номгузорӣ шуданд.

Ҳамчунин мутобиқи қарори Маҷлиси миллӣ, шаҳраки Ленингради ноҳияи Мӯъминобод ба шаҳраки Мӯъминобод, ҷамоати Туту ба ҷамоати Шоҳин, деҳоти Чумчуқлӣ ба Даҳаначиён, Сарсибулоқ ба Дӯстӣ, Оқҷара ба Навбаҳор, Ҷарчеб-1 ба Рӯдакӣ, Ҷарчеб-2 ба Румӣ, Қипчоқ ба Чашмасор, Шулдуқ ба Бӯстон ва Токабу ба Истиқлолият тағйири ном карданд. Ҷамоати Ҷовиди ноҳияи Ванҷи ВМКБ минбаъд ҷамоати Ҷовидон ном хоҳад дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.