Ҷаримабандии директори техникии дастаи «Истаравшан» ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ

Кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи ҳузур надоштани директори техникии дастаи футболи «Истаравшан» (Истаравшан) Маҳмуд Бобоев дар 10 вохӯрӣ қарор қабул кард. Ғайр аз ин, ӯ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, ба андешидани чунин чораҳо аз ҷониби Бобоев латукӯб шудани гурӯҳи доварон дар вохӯрӣ бо […]

Аваз Юлдошев


Кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи ҳузур надоштани директори техникии дастаи футболи «Истаравшан» (Истаравшан) Маҳмуд Бобоев дар 10 вохӯрӣ қарор қабул кард. Ғайр аз ин, ӯ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, ба андешидани чунин чораҳо аз ҷониби Бобоев латукӯб шудани гурӯҳи доварон дар вохӯрӣ бо дастаи «Хуҷанд» боис гардидааст.

Ғайр аз ин, бо қарори Кумитаи назорату интизоми ФФТ, барои таъмин накардани саривақт ҳозир шудани футболбозон Мӯъминҷон Гадойбоев ва Манучеҳр Аҳмедов ба ихтиёри дастаи мунтахаби ҷавонон (U-22), дастаи футболи «Хуҷанд» ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.