Тағйирот дар мақомоти раҳбарии кумитаҳои Маҷлиси миллӣ

Бо қарори иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум дар мақомоти раҳбарии кумитаҳои палатаи болоии парлумон як қатор тағйирот ба вуқӯъ пайваст. Ба ин тартиб, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Бахтиёр Худоёров, ки ахири ҳафтаи гузашта ба аъзогии Маҷлиси миллӣ интихоб шуда буд, ба вазифаи раиси Кумитаи палатаи болоии парлумон оид ба таъмини […]

Аваз Юлдошев


Бо қарори иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум дар мақомоти раҳбарии кумитаҳои палатаи болоии парлумон як қатор тағйирот ба вуқӯъ пайваст.

Ба ин тартиб, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Бахтиёр Худоёров, ки ахири ҳафтаи гузашта ба аъзогии Маҷлиси миллӣ интихоб шуда буд, ба вазифаи раиси Кумитаи палатаи болоии парлумон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва қонуният таъин шуд.

Президенти Академияи улуми Тоҷикистон Мамадшо Илолов, ки қаблан ин вазифаро бар дӯш дошт, ба вазифаи раиси Кумитаи палатаи болоии парлумон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, созмонҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва робитаҳои байнипарлумонӣ таъин шуд.

Раиси қаблии ин кумита Иброҳим Абдуллоев акнун ба сифати муовини Мамадшо Илолов ифои вазифа мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.