Мақомот то ҳанӯз бобати қотилони Х.Сафаров маълумот пайдо накардаанд

Date:


Барои тафтишоти қатли роҳбари КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯъмин Сафаров, ки рӯзи 13-уми июн дар шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваст, аз ҳисоби кормандони соҳибтаҷрибаи Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ гурӯҳи муштараки фаврӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуд, – гуфт корманди маркази матбуоти ВКД подполковники милиса Ҷалолиддин Садриддинов.

Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи мазкур якчанд фарзияҳоро мавриди таҳқиқ қарор додааст. «Мақомоти қудратӣ то ҳанӯз дар бораи қотилони Х.Сафаров маълумоте пайдо накарданд», – гуфт подполковник.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти як манбаъи ОИ «Азия-Плюс» дар Прокуратураи генералӣ, гурӯҳи муштаракро сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои махсусан вазнини Прокуратураи генералӣ Ҷамшед Сангов роҳбарӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Ҷ.Садриддинов иттилои чанде аз хабаргузориҳо оид ба гӯё дар робита ба ин куштор ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаштани кормандони милисаро рад месозад.

«Шабона дар микрорайонҳо, назди марказҳои фарҳангу фароғат ва ҷойҳои серодами шаҳрҳои бузург шумори кормандони хадамоти нигаҳбонии тартиботи ҷамъиятӣ бештар гардиду халос», – таъкид кард. Ҷ.Садриддинов.

Холмӯъмин Сафаров ҳамсари хоҳари президенти Тоҷикистон аст. Пас аз як рӯзи қатл ӯ дар Данғара ба хок супурда шуд.

Холмӯъмин Сафарови 57-сола дар деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Аз соли 2009 ба ҳайси роҳбари КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ ифои вазифа мекард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...