Беш аз 2 млрд. $ ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ дар 5 моҳ

Дар моҳҳои январ-майи соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 36 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 9,0% (168 млн. $) зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 921,5 млн. доллари ИМА шудааст. […]

Виктория Наумова


Дар моҳҳои январ-майи соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 36 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 9,0% (168 млн. $) зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 921,5 млн. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 87 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва 77 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар давраи сипаришудаи соли равон ҳаҷми содироти мол 557,3 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,8% ё худ 40,7 млн. доллари ИМА камтар аст. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 1478,8 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 16,5% ё худ 209,6 млн. $ бештар аст.

Дар зарфи панҷ моҳи аввали соли равон ҳаҷми содироти маҳсулоти минералӣ ба андозаи 81,4%, металлҳои қиматбаҳо – 38,8%, чарм ва маснӯоти чармӣ ба миқдори 20,0% афзуданд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми содироти фулузоти арзон ва маснӯоти он ба андозаи 27,2%, нахи пахта дар ҳаҷми 2,3% ва мошину таҷҳизот ба миқдори 8,0% коҳиш ёфтаанд.

Аз рӯйи ҳаҷми умумии содироти мол шарикони асосии Тоҷикистон кишварҳо зерин буданд: Туркия – 39,1%; Чин – 19,1%, Афғонистон – 9,10%, Швейтсария – 5,7%, Қазоқистон – 5,1%, Русия – 6,9%, Эрон – 4,9% ва дигар давлатҳо.

Воридоти мол асосан аз Русия – 25,0%, Қазоқистон – 15,9%, Чин – 9,8%, Ҷазираҳои Виргиния – 5,3%, ИМА – 4,9%, Туркманистон – 4,7% ва Эрон – 4,4% сурат гирифтааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.