Нашри маҷаллаи чиноии «Контимост» бо забони тоҷикӣ

Дата:


Чанде қабл раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо намояндагони маҷаллаи тиҷоратии «Контимост»-и Чин таҳти сарварии сардабир ва директори маҷалла, муовини Ассотсиатсияи кормандони матбуоти Чин Ян Говэй гуфтушунид анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили марбут ба нашри маҷаллаи «Контимост» бо забони тоҷикӣ ва паҳн кардани он дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

«Ян Говэй изҳор кард, ки идораи маҷалла ба нашри он бо забони тоҷикӣ манфиатдор аст ва дар оғоз нашри 3 ҳазор нусхаи маҷаллла ба нақша гирифта шудааст. Маблағгузорӣ аз ҷониби Чин сурат мегирад. Дар навбати худ Шариф Саид зикр кард, ки ПСС ҶТ дар нашр ва паҳн кардани он ҳамаҷониба мусоидат хоҳад намуд», – гуфтанд дар маркази матбуот.

Ба иттилои манбаъ, намояндаи расмии маҷаллаи «Контимост» дар Тоҷикистон муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Лариса Кислякова таъин шудааст.

Бино ба мувофиқаи ҳосилшуда, нашри шумораи аввали маҷаллаи «Контимост» бо забони тоҷикӣ ахири соли равон пешбинӣ шудааст.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное