Тақвияти чораҳои пешгирии фурӯши нӯшокиҳои пастсифат дар пойтахт

Дата:


Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки фаъолони пойтахт оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷаласа масъалаи татбиқи ҳадафмандонаи нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ оид ба таҷлили сазовори 15-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ  ва ташкили истироҳату фароғати толибилмон дар давраи таътили тобистона мавриди баррасӣ қарор гирифт.

«Раиси пойтахт ба хадамоти дахлдори шаҳр ҷиҳати тақвияти чораҳои пешгирии фурӯши нӯшокиҳои ташнашикани пастсифат ва ба маъёерҳо ҷавобгӯнабуда дар қаламрави пойтахт супоришоти мушаххас дод. Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин суръат бахшидан ба корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳо ва хиёбонҳоро тақозо кард», – гуфт ӯ.

Ба қавли котиби матбуотии раиси пойтахт, ҳамчунин раисони ноҳияҳои пойтахт ба андешидани чораҳо ҷиҳати боздошт ва безараргардонии сагҳои дайду ва ҳорӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо баҳри таъмини амнияти сокинон муваззаф гардиданд.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное