Тавзеҳи Муҳиддин Кабирӣ нисбати ҳукм ба писараш

Date:


Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳукми имрӯз содиршудаи суди шаҳри Ваҳдат нисбат ба писарашро мунсифона арзёбӣ кард.

«Аммо дар қалби ман нисбат ба кӯдаки дар садама бо иштироки писари ман ҳалокшуда ғаму андуҳ боқӣ мемонад», – гуфт М.Кабирӣ.

Ӯ ҳамчунин гуфт, шахсан дар мурофиаи судӣ иштирок надоштааст, зеро ҳамчун вакили палатаи поёнии парлумон дар кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон машғули кор будааст.

«Пас аз озод шудани писарам аз ҳабс ман то ҳол ӯро надидаам, вале ба ман хабар доданд, ки Муҳаммад дарҳол пас аз берун омадан аз толори суд ба деҳаи Андигони Боло рафтааст, то ки ба волидайну хешовандон ва наздикони Муҳиддин Ортиқови 12-сола изҳори тасаллият кунад», – зикр кард раиси ҲНИТ.

Имрӯз суди шаҳри Ваҳдат нисбат ба Муҳиддин Тиллозода, ки дар пахши кӯдаки 12-сола бо мошин ва боиси ҳалокати ӯ гардида буд, ҳукм содир намуд. Суд писари 21-солаи Муҳиддин Кабириро мутобиқи моддаи 212-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, истифодаи воситаҳои нақлиёт) айбдор дониста ӯро ба маблағи 48 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 10 ҳазор доллари ИМА) ҷарима  баст. Чун Муҳаммад Тиллозода муддати 1 моҳ дар боздоштгоҳ қарор дошт, маблағи ҷарима то 40 ҳазор сомонӣ кам карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 3-юми майи соли равон дар қаламрави шаҳри Ваҳдат як толибилми 12-сола Муҳсиддин Ортиқов зери мошини «Toyota Camry» таҳти идораи Муҳаммад Тиллозода монда, рӯзи дигар аз ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона ба ҳалокат расид. Ин ҳодиса дар рӯзи ба хок супурдани ҷасади модари раиси ҲНИТ ба вуқӯъ пайваст.

1 КОММЕНТАРИЙ

  1. Андеша

    Асаломуалайкум бародарон ва хохарони исломи ман гуфтанихастам,ки рахмат ба волидони кудак дар хаки М.Кабири гумони нек доранд. Бо эхтиром Саидкаюм аз Нохияи Кухистони Мастчох

Leave a Reply to Саид Отменить ответ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Таблиғот ва рӯҳияи бегонаситезӣ”. Омили муассири куштори Қобилҷон Алиев дар Русия чӣ аст?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиноятҳои мудҳиш дар заминаи...

Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст

Чанд сол аст, бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод доранд,...

Оё оташбас поёни ҷанг аст? Сабақҳо аз ҷанги Исроил бо Эрон

Даргирие, ки 13-уми июн бо ҳуҷуми ногаҳонии Исроил ба...

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....