Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ аз Сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Чинор Рустамова нусхаи эътимоднома қабул намуд.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, баъди супоридани нусхаи эътимоднома мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири навтаъйин барпо гардид.
Мусоҳибон самтҳои ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи марбут ба соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, фарҳанг ва маорифро баррасӣ карданд.
Инчунин, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои минтақавии вобаста ба вазъи Афғонистон мубодилаи афкор анҷом доданд.
Тарафҳо таъкид бар он доштанд, ки ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъда ва боз ҳам фарогиртар гардонидани муносибатҳо, аз имконот ва иқтидори мавҷуда истифода намуда, баҳри идомаи раванди мусбати равобити гуногунҷанба кӯшиши бештар хоҳанд кард.
Қобили зикр аст, ки Рустамова қаблан дар вазифаи мушовири сафорати Туркманистон дар Ҳиндустон ифои вазифа мекард. Дар Туркманистони кунунӣ Рустамов дуюмини занест, ки ба ӯ мақоми сафири фавқулода ва мухтор дода шудааст.
Соли 1995 ба ин мақом нахуст собиқ вазири тандурустии Туркманистон Аксолтан Отаева сазовор гардида буд. Аз соли 1995 Отаева намояндаи доимии Туркманистон дар назди СММ буда, хамзамон вазифаҳои сафири Туркманистон дар Куба (аз моҳи июли соли 2008) ва Бразилия (аз моҳи июли соли 2011)-ро низ бар дӯш дорад.


