Дар ҳайати мақомоти раҳбарии суди вилояти Суғд тағйирот ба вуқӯъ пайваст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди вилоят хабар доданд, Анвар Юсуфов раиси нави суди вилояти Суғд таъин карда шуд.
Анвар Юсуфов қаблан ба ҳайси муовини аввали раиси Суди олии Тоҷикистон ифои вазифа мекард.
Собиқ раиси суди вилояти Суғд Наим Мансуров ба вазифаи раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон таъин гардид.


