Суди Кӯлоб ба давлат ҳудуди 400 ҳазор сомонӣ фоида овард

Date:


Соли равон дар суди шаҳри Кӯлоб аз 122 нафари дар парвандаҳои ҷиноӣ ҳузурдошта танҳо нисбат ба 67 тан ҷазои маҳрумият аз озодӣ татбиқ карда шуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки солҳои пешин ин нишондиҳанда мудом қариб ба 100 дарсад баробар буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси суди шаҳри Кӯлоб Саидҷаъфар Юлдошев хабар дод, дар қонунгузории нав ба ивази аз ҳисоби буҷет таъмин кардани будубоши маҳбус бештар ба ҷанбаи иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.

Ба гуфтаи ӯ, суд 14 нафар қонуншиканонро ҷаримаи пулӣ баста, ба буҷети давлат 251 ҳазору 270 сомонӣ маблағи иловагӣ фоида овард. «Боз 12 нафари ба корҳои ҳатмии ислоҳӣ ҳукмшуда низ ба ҳар навъе нафъашон ба давлат хоҳад расид», – гуфт вай.

Ба қавли ёвари раиси суди шаҳр, аз 1 ҳазору 216 парвандаҳое, ки соли равон мавриди баррасии суд қарор гирифтаанд, аз нисф зиёдашро ҳодисаҳои қонуншиканиҳои маъмурӣ ташкил дода, тибқи онҳо ба буҷети ҷумҳурӣ 119 ҳазору 265 сомонӣ маблағ ворид шудааст.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки соли ҷорӣ 13 нафар ронандагоне, ки зимни идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ боздошт шуда буданд, аз шаҳодатномаи ронандагӣ маҳрум гардиданд.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...