Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Белорус

Имрӯз президенти Тоҷикистон ба унвони президенти Белорус Александр Лукашенко ба муносибати таҷлили ҷашни солгарди Рӯзи истиқлол барқияи табрикотӣ ирсол намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар барқия аз ҷумла зикр мегардад, ки Тоҷикистону Белорусро робитаҳои ногусастании дӯстиву ҳамкорӣ ва нияти муштарак ба таҳкими муносиатҳои мутақобилан судманд пайванд месозад. Дар барқия Эмомалӣ Раҳмон […]

ASIA-Plus


Имрӯз президенти Тоҷикистон ба унвони президенти Белорус Александр Лукашенко ба муносибати таҷлили ҷашни солгарди Рӯзи истиқлол барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар барқия аз ҷумла зикр мегардад, ки Тоҷикистону Белорусро робитаҳои ногусастании дӯстиву ҳамкорӣ ва нияти муштарак ба таҳкими муносиатҳои мутақобилан судманд пайванд месозад.

Дар барқия Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намудааст, ки бо кӯшишоти муштарак Тоҷикистону Белорус ба ҳамкории дуҷониба, ки ҷавобгӯи манфиатҳои ҳарду давлат ва мардуми тоҷику белорус аст, рушди бештар ва таконӣ ҷиддӣ бахшида метавонанд.

Ёдрас мекунем, ки Рӯзи истиқлол дар Белорус ҷашни муҳими давлатӣ маҳсуб меёбад. Он ҳамасола санаи 3-юми июл – рӯзи озодшавии шаҳри Минск аз фашистони истилогар дар соли 1944 ҷашн гирифта мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.