Кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон иди касбии худро ҷашн гирифтанд.
Рӯзи 3-уми июл рӯзи таъсисёбӣ ва ташкили ин бахш ба шумор рафта, вобаста ба иди касбии кормандони ин бахш дар бинои РБДА ВКД чорабинии бошукуҳе доир гардид, ки дар он вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, собиқадорони ин бахш ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои он дар ҷойҳо иштирок доштанд.
Инчунин бахшида ба ин санаи фарахбахш ошёнаи 4- ум дар бинои Раёсати БДА ба истифода дода шуд, ки аз ду толори машваратӣ ва маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, ҳуҷраи тестӣ ва 8 ҳуҷраи хизматӣ бо тамоми таҷҳизот иборат мебошад, ки он тӯҳфаи арзандае буд барои кормандони ин бахш.
Дар анҷоми чорабинии идона беҳтарин кормандони ин бахш, рӯзноманигороне, ки дар ташвиқу тарғиби риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ ва низому тартибот саҳми арзанда доранд ва собиқадорони бозрасии давлатии автомобилӣ бо нишони сарисинагӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Ҳамчунин кормандони шуъбаи БДА-и вилояти Хатлон низ иди касбии худро ҷашн гирифтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ШБДА-и вилоят хабар доданд, кормандони Бозрасии давлатии автомобилии вилоятро муовини сардори РБДА Зикрулло Расулов бо иди касбиашон табрик гуфта, ба кормандони пешсаф унвонҳои навбатии хидматиро тақдим намуд.
Сардори ШБДА-и вилояти Хатлон Хӯҷамурод Холов зимни суханрониаш изҳор дошт, ки сол то сол шароити фаъолияти кормандон беҳтар гардида, дар ноҳияи Муъминобод бинои шуъбаи БДА, дар ноҳияҳои Данғараву Фархор посгоҳҳо ба истифода дода шуда, сохтмони бинои шуъбаи БДА дар ноҳияи Қумсангир идома дорад.
Ҳамчунин дар ин рӯз ба оилаҳои кормандоне, ки ҳангоми адои вазифаҳои хидматӣ фавтида буданд, кӯмаки моддӣ расонида шуд.



