Хуҷанд: Як наврас ҳамсолашро бо корд захмӣ кард

Дата:


Дар шаҳри Хуҷанд як наврас ҳамсолашро бо корд захмӣ кард. Айни замон ӯ бо ҷароҳати вазнин дар бемористон қарор дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, хонандаи синфи 11-уми яке аз мактабҳои шаҳри Хуҷанд бо ҷароҳати вазнин аз корд ба беморхона оварда шудааст.

Зимни таҳқиқи ҳодиса ба гумони даст доштан дар ин кор базудӣ ҳамсоли ӯ О.Р. боздошт шудааст. Ошкор гардидааст, ки бар асари муноқиша миёни онҳо ӯ ба шикаи М.З. бо корд якчанд зарба задааст.

Феълан ҷиҳати боз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ноболиғ О.Р. мутобиқи моддаи 110 (Қасдан зарари вазнин расонидан ба саломатӣ) чораҳо андешида мешаванд.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное