Соли равон ба Прокуратураи генералӣ 17 шикояти марбут ба шиканҷа ворид шуд

Соли равон ба Прокуратураи генералӣ 17 шикояти марбут ба истифодаи шиканҷа аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ворид шуда, дар ҳафт ҳолат онҳо тасдиқ ва барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ асос шуданд, – изҳор кард зимни нишасти матбуотӣ муовини прокурори генералии ҷумҳурӣ Ҳабибулло Воҳидов. Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввали соли равон ддар прокуратураи ноҳияи […]

ASIA-Plus


Соли равон ба Прокуратураи генералӣ 17 шикояти марбут ба истифодаи шиканҷа аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ворид шуда, дар ҳафт ҳолат онҳо тасдиқ ва барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ асос шуданд, – изҳор кард зимни нишасти матбуотӣ муовини прокурори генералии ҷумҳурӣ Ҳабибулло Воҳидов.

Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввали соли равон ддар прокуратураи ноҳияи Ёвон мутобиқи моддаи нави КҶ ҶТ «Шиканҷа» як парвандаи ҷиноӣ боз гардида, дигар ҳодисаҳо то ворид шудани ин модда ба кодекс мавриди тафтишот қарор гирифта буданд ва тибқи моддаи 316-и КҶ ҶТ (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) баррасӣ шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов изҳор карда буд, ки соли равон шаш кормандони милиса дар истифодаи методҳои ғайриқонунии тафтишот нисбат ба боздоштшудагон гумонбар дониста шуданд. «Инҳо кормандони ШВКД-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Мирзораҳимов ва Ғаюров, ШВКД-и ноҳияи Ҳисор Камолов ва Қурбонов, Қудратов аз ШВКД-и шаҳри Хуҷанд ва корманди милисаи ШВКД-и ноҳияи Роштқалъа Алишоев мебошанд», – номбар карда буд вазир.

Дар гузориши чанде қабл интишорёфтаи созмониАфви Байнулмилал зикр гардида буд, ки шиканҷа, латукӯб ва намудҳои дигари бадрафторӣ дар тавқифгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳодисаи муқаррарӣ табдил ёфта, дар муҳити фарогири фасод ва бемасъулиятӣ рушд кардаанд.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералӣ, соли равон бу гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳои гуногун дар маҷмӯъ 73 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шудаанд, ки  43 нафарашон хизматчиёни Вазорати мудофиа, 25 нафар кормандони ВКД, 3 намояндаи КДАМ, 2 корманди прокуратура ва як корманди Агентии назорати маводи нашъаовар мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.