Раиси амалкунандаи САҲА, муовини нахуствазири Ирландия ва вазири корҳои хориҷиву тиҷорат Эймон Гилмор аз задухӯрдҳои низомӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба ҳалокати 42 нафар ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо тан боис гардиданд, изҳори нигаронӣ намуд.
Дар изҳороти интишоркардаи САҲА гуфта мешавад, «ин хурӯҷи хушунату зӯроварӣ, ки ҳалокати даҳҳо танро бар ҷой гузошт, боиси нигаронии амиқ аст». «Ман аз чунин вазъ хеле мутаассиф буда, бахусус аз иттилои ҷабрдидагон миёни аҳолии осоишта нигаронӣ дорам ва аз ҷонибҳо даъват мекунам, ки таҳаммулпазир бошанд», – изҳор доштааст Эймон Гилмор.
Раиси амалкунандаи САҲА ҳамчунин нисбат ба вазъи будубоши кормандони созмонҳои байнулмилалӣ, ки дар минтақаи мазкур фаъолият доранд, низ изҳори ташвиш намудааст.


